Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пт, 13/11/2026 - 11:50

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 13/11/2026 - 10:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд.

Гуфта шуд, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот аз тиллою нуқра самти асосии фаъолияти корхона аст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 13/11/2026 - 09:36

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот мутобиқ ба талаботи соҳа ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - чт, 12/11/2026 - 17:15

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо натиҷаҳои раёсати Федератсияи Русия дар СААД-ро баланд арзёбӣ карданд.

Дар рафти гуфтугӯи пурмуҳтаво ва созанда, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 11/11/2026 - 20:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Умедворем, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки имрӯз қабул мегардад, ба истифодаи пурраи имкониятҳои Созмон мусоидат хоҳад кард”, — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

Опубликовано admin - вт, 10/11/2026 - 19:50

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия

Опубликовано admin - вт, 10/11/2026 - 14:34

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик

Опубликовано admin - вт, 10/11/2026 - 10:22

10.11.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломатӣ, матонату иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулият, вале пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 10/11/2026 - 10:15

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 10/11/2026 - 09:50

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Нахуст, маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.