Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Submitted by admin on Fri, 02/02/2024 - 13:12
Tajikistan
123

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарӣ таъйин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратшо Муборакшозода муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони 25 раёсати Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба, масъулиятшинос ва дорои касбияти баланд таъйин гардиданд.

 

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Кўшониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Ёвони вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон аз ҳисоби кадрҳои дорои маҳорати баланди касбӣ ва болаёқату кордон таъйин гардиданд.

 

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вазифаи ҳар корманди Вазорати корҳои дохилӣ- ин пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои халалдоркунандаи оромиву субот дар мамлакат ва донистани ду забони хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Зимни суҳбат Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пайваста бо мардум ҳамкорӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту қонунвайронкуниҳои самтҳои гуфташуда мубориза баранд, арзу шикояти мардумро баррасӣ намоянд, барои сари вақт ошкор намудани ҷиноят ва пешгирии он тамоми шароиту имконияти мавҷуда ва донишу маҳорати касбиашонро истифода бурда, волоияти қонунро таъмин намоянд.

 

«Содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат намоед!», — таъкид намуданд Президенти мамлакат дар интиҳои суҳбат.

Теги