Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа муҳтарам Рустами Эмомалиро шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа доир шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ва тими миллии Урдун бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.
Бояд гуфт, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзии дастаи миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи зарбаҳои 11-метра) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.
Ҳамчунин дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар тими Урдун ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо карда мешавад.
Инчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол иловатан ҳавасманд гардонда мешаванд.
Қобили тазаккур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.