Намояндаи USAID ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об баҳои баланд дод

Submitted by admin on Tue, 21/02/2023 - 16:20
Tajikistan
123

Масъалаи таҳкими ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ ((USAID) доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC) ва гуногунии биологӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо муовини маъмур оид ба сиёсат ва барномасозии USAID баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст.

Мусоҳибон ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли гузашта қабул гардид, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Намояндаи USAID аҳаммият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистонро дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об баланд арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Америка ва Иттиҳоди Аврупо – Уҳдадориҳои глобалии метан гуфт, ки давлатҳои аъзо тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 партоби метанро то 30 фоиз коҳиш диҳанд.

Дар анҷом мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият дода шавад.

АМИТ «Ховар»

Теги