Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд.
Вале давлате, ки баъди садсолаҳои бедавлатию нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, дере нагузашта, ба хатари парокандагию нобудӣ дучор омад.
Душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки баъзан ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил гузошт.
Мардум ҳанӯз шаҳди истиқлол ва давлатдории мустақилро начашида, аҳамияти ин неъмати бебаҳоро эҳсос накарда, аллакай вориди муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ шуд. Беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон тарки Ватан ва ҷойҳои доимии зист карда, ба азобу уқубати ғарибӣ гирифтор шуданд.
Дар ин айёми мудҳишу пурмасъулият рисолати таърихии ниёгонро абармарди баору номус ва идомадиҳандаи ойини шуҳратманди аҷдодӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд.
Роҳбари нави давлат ҳанӯз аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати навини тоҷикон нақши тақдирсоз дорад, барқарор намудани сулҳро аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа медонистанд.
Нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, дар бораи халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба Тоҷикистон ворид намудани неруҳои муштараки ҳомии сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон буд[1].
Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ҳамон рӯз, яъне 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард[2].
Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд.
Роҳбари ҷавони давлат бо назардошти сабақҳои талхи таърихи бостонӣ ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сарварии худ ба бунёд, таҳкиму тақвият ва омодасозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд, то барои таъмини бақою устувории давлати навини тоҷикон неруи дифоии аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаю озмоишдида дошта бошем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои волои роҳбарию раҳнамоӣ ва сипаҳсолорию лашкардорӣ ба бунёди давлати неруманду пойдор барои мардуми бостонию соҳибтамаддуни тоҷик устуворона камар бастанд.
Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуданд ва пас аз ҳамагӣ 2 моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд[3].
Дар расми гузашти низомӣ, ки ба ифтихори таъсиси Артиши миллӣ доир шуда буд, 5 ҳазор нафар аз ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе, беш аз 20 маҷмӯи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-75 ва С-125, миқдори зиёди танку тӯп, авиатсияи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ иштирок намуд.
Раванди минбаъдаи ҳодисаву воқеаҳо нишон дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идораи мутамаркази неруҳои низомӣ, интихоби тактика ва стратегияи раҳбарӣ, баҳодиҳӣ ба вазъияти ҳарбӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот чун сипаҳсолори тавоною варзида амал намуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳ ё худ Артиши миллӣ аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори устувори ҳар давлати соҳибистиқлол аст. Вале дар Тоҷикистон ташкил додани артиш кори осон набуд, чунки дар ҷумҳурӣ барои он ҳеҷ гуна заминаи моддию техникӣ ва шумораи кофии кадрҳои миллии низомӣ вуҷуд надошт.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ягон корхонаи саноати мудофиавӣ ва муассисаи олии таълимии ҳарбӣ набуд.
Аввалин қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ идома дошт ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд.
Он замон муноқишаҳои дохилӣ дар минтақаҳои шарқии ҷумҳурӣ ҳанӯз идома доштанд, чунки бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ розӣ буданд.
Афсарону сарбозон баробари ташкил шудани қисмҳои низомӣ ва савганд ёд кардан ба майдони муноқишаҳо сафарбар мешуданд. Ин ҳолат монеаи асосӣ дар ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ва таълиму тарбияи нақшавии ҳайати шахсии он буд.
Тамоми техника, яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ аз хориҷи мамлакат харидорӣ карда мешуд, ки ин барои давлати навбунёди Тоҷикистон хеле гаронӣ меовард.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯру неруманд кардани Артиши миллӣ шабу рӯз ҷаҳду талош мекарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ иброз доштанд, ки “мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст”[4].
Дар давраи муноқишаҳои мусаллаҳона таъҷилан Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар он, пеш аз ҳама, курсҳои кӯтоҳмуддати афсарӣ ташкил гардиданд, вале барои омода кардани ҳама гуна мутахассисони ҳарбӣ дар муддати кӯтоҳ шароити таълимӣ муҳайё намудан аз имкон берун буд.
Аз ин рӯ соли 1993 шумораи зиёди ҷавонони тоҷик ба омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Русия фиристода шуданд. Ин тадбирҳои таъҷилӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида мешуданд, имкон доданд, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо шумораи ҳадди ақалли афсарони касбӣ мукаммал гардад.
Соли 1997 нахустин хатмкунандагони Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Русия ба сафҳои Артиши миллӣ ворид шуданд ва давраи мукаммалсозии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо кадрҳои ҷавону соҳибтахассуси миллӣ оғоз ёфт.
Ҳамон сол ҳамчунин баталёни муҳандисӣ-минаҷӯӣ ташкил ёфт. Дар муддати фаъолияти баталён минаҷӯёни он ҳазорон моддаҳои таркандаро безарар гардонида, масофаи зиёди роҳҳои мошингард, деҳаҳо ва чарогоҳҳои кӯҳию саҳроиро аз ин моддаҳои марговар пок карданд, вале аз сабаби набудани харитаи майдонҳои минадор ва норасоии техникаи махсуси минаҷӯӣ кори онҳо дар самти тозакунии минтақаҳои ҷангзада солҳои зиёд идома ёфт.
Соли 1997 барои Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчунин бо сабаби ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли хотирмони таърихӣ аст, зеро пас аз он неруҳои ҳарду ҷониб, ки то замони оштии миллӣ паси сангарҳои муқобил меистоданд, акнун ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ шомил шуданд[5].
Мутаассифона, пас аз бастани сулҳу оштӣ ҳам кӯшишҳои афрӯхтани оташи ҷанг аз ҷониби хоинони миллат ва душманону нотавонбинони сулҳи тоҷикон солҳои 1997, 1998, 2001 ва баъд аз он ҳам амалӣ карда мешуд. Чанд дафъа ҳамчунин кӯшишҳои суиқасд ба ҷони Сарвари сулҳовари тоҷикон анҷом дода шуд. Моҳи сентябри соли 2015 намояндагону ҳаводорони ҷангҷӯи созмони террористии ба ном ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ заданд. Вале он солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дигар он артиши тозатаъсиси солҳои аввали истиқлол набуд ва ҳамаи кӯшишҳои ноҷавонмардонаи душманон ба зудӣ саркӯб гардид.
Моҳи феврали соли 1998, ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 5 сол сипарӣ шуд, ҷашни Артиши миллӣ бори нахуст дар фазои сулҳу оромӣ таҷлил гардид[6].
Таҷрибаи 5 соли сипаригашта ва фазои сулҳу оромии мамлакат имкон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба таълиму тарбияи нақшавии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии он ва сайқал додани маҳорати касбии ҳайати фармондеҳӣ оғоз намояд.
Азбаски роҳи асосии баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ин ташкил ва гузарондани машқҳои калонмиқёси ҳарбист, дар ин самт корҳои зиёди судбахш ба анҷом мерасиданд.
Дар аввал ҳамаи машқҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия гузаронида мешуд, вале тадриҷан нақш ва мақоми асосӣ дар машқҳои муштарак бар уҳдаи низомиёни тоҷик вогузор мешуд, ки аз болоравии сатҳи касбии онҳо гувоҳӣ медод.
Дар ин муддат дар ҳудуди гарнизони Суғд машгоҳҳои низомии Чоруқдарон ва Нурафшон, дар ҳудуди гарнизони Хатлон машқгоҳу марказҳои таълимии Тоҷмаҳал, Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён ва Сумбула, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқгоҳҳои ҳарбии Тем, Ҷилондӣ, Шитхарв ва дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Рашт ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат низ машқгоҳҳои муосири ҳарбӣ бо ташкили заминаҳои хуби моддию техникӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз он вақт сар карда, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо дар дохили мамлакат, балки чандин бор дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто дар Фаронсаю Америка дар машқҳо ва машғулияти ҳарбӣ ширкат намуда, маҳорату малакаи ҷангии худро сайқал додаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар низоми бехатарии минтақавӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо нақши муҳим доранд.
Васеътарин машқҳои ҳарбии муштарак чанд дафъа дар Тоҷикистон низ бо иштироки гурӯҳҳои фаврии ситодӣ ва ҷузъу томҳои низомии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларусу Арманистон ва бо низомиёни Ҳиндустон ва Чин низ доир гардиданд. Машғулияти низомии сершумор ҳамчунин бо низомиёни Фаронса ва Америка дар давлати мо ба роҳ монда шуданд.
Ҳамаи ин тадбирҳо, ки ҳадафи асосии он дар амал санҷидану баланд бардоштани омодагии муштараки ҷангӣ дар амалиёти дастҷамъии гуногун, аз ҷумла зиддитеррористӣ аст, аз болоравии сатҳи касбӣ ва таъминоти техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Дар замони муосир ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ба давраи сифатан нави омодагии ҷангӣ қадам гузоштанд. Дар баробари машқҳои низомӣ бо иштироки низомиёни дигар кишварҳо аз соли 2000 ба баъд ҳамчунин машқҳои низомии муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои сохторҳои гуногуни қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешаванд, зеро хатарҳои ҷаҳони муосир зарурати расидан ба сатҳ ва мазмуни нави омодагии ҷангиро ба миён овардаанд.
Акнун роҳу усулҳои анъанавии ҷангӣ дар муборизаи зиддитеррористӣ ба мақсад мувофиқ буда наметавонанд. Дар мубориза бар зидди неруҳои террористӣ бояд ҳама сохторҳои қудратӣ аз рӯйи самтҳои кории худ бо ҳамоҳангӣ, вале тибқи нақшаи ягона ва роҳбарии мутамарказ ширкат кунанд. Бинобар ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои нави мудофиаи ҳудудӣ ба тасвиб расиданд.
Албатта, машқҳои ҳарбӣ роҳи асосии баланд бардоштани омодагии ҷангиянд, вале фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои машғулияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ низ бисёр муҳим аст.
Бинобар ин, аз тирамоҳи соли 2000 ба баъд бо дастгирӣ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама қисмҳои низомӣ пойгоҳҳои ҳозиразамони моддию таълимӣ ва хизматӣ бунёд мегарданд.
Машғулияти ҳарбӣ, ба мисли машқҳои калонмиқёс хароҷоти зиёди моддӣ талаб мекунанд, бахусус агар онҳо дар машқгоҳҳои дур аз қисмҳои низомӣ гузаронида шаванд. Аз ин сабаб пойгоҳҳои моддию таълимии назди қисмҳои низомӣ аз рӯйи усули камхарҷи омӯзиши ҳайати шахсӣ бунёд карда мешаванд, ки он имкон медиҳад ғайр аз машқҳои калонмиқёси ҷангӣ қариб ҳамаи машғулияти ҳарбӣ дар қароргоҳҳои доимии қисмҳои низомӣ ба роҳ монда шуда, боиси сарфаи вақт ва маблағу маводи зиёди техникӣ гарданд.
Нишондиҳандаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти давлати Тоҷикистонро дар роҳи бунёди Артиши миллии обутобёфта ва озмуда, ки ҳанӯз ҳам хеле ҷавон аст, метавон ба натиҷаи кори садсола баробар кард, зеро сарфи назар аз ҳама мушкилот, бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору заҳматҳои шарафмандонаи афроди баору номуси Ватан Артиши ҷавони мо дар таърихи кӯтоҳи худ аз санҷишҳои вазнини сарнавишт гузаштааст.
Имрӯз Тоҷикистон дорои артиши озмуда аст. Вале бо вуҷуди ин ҳама қудрату тавоноӣ вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи мо родмардони Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои дахлдори қудратии давлати ҷавони Тоҷикистонро ба ҳушёрию зиракӣ ва омодагии ҳамешагӣ водор месозад.
23 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки “тайи бисту шаш сол ҳазорҳо нафар афсарони ҷавон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйин карда шуданд.
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки минбаъд низ ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба масъалаи сифати корҳои тарбиявию сиёсӣ дар байни ҳайати шахсӣ, хусусан дар самти кор бо наваскарон эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар ин раванд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад” [7].
Дар шароити кунунӣ нигарониҳо дар минтақа ва ҷаҳон бамаротиб афзудаанд, зеро дар пайи саҳлангорию кӯтоҳбинӣ ва ё тавтеаҳои ҳадафмандонаи баъзе қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ қувваҳои террористию ифротгаро соҳиби силоҳу аслиҳа, техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини ҳарбӣ мегарданд.
Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки Артиши Тоҷикистон ба ҳама пешомадҳои мунтазираю ғайримунтазира омодагии муносиб дорад. Тавоноии Артиши Тоҷикистон 22 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалан санҷида шуд. Он рӯз, соати чори субҳ бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуданд, то омодабошии ҷангии онҳо дар амал санҷида шавад [8].
Дар ин машқҳо, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуданд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардид.
Баъди ҷамъбасти чорабинӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои расми гузашти низомӣ гузориш дод.
Баъди иҷрои Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифзи амният ва суботи Тоҷикистон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.
Сарвари давлат дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуданд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар суханрониии худ таъкид карданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имконият ба ин самт мебошад.
Мо боварии қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои мамлакат бо сарбаландӣ мебароянд”.[9]
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳ расми гузашти низомии 10 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд, дар расми гузашти низомӣ иштирок намуданд.
Тавре ки дида мешавад, Артиши миллии мамлакат дар муддати хеле кӯтоҳ ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, имрӯз қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя намояд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, чунонки Сипаҳсолори волои мо пайваста мефармоянд, имрӯз бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои волои миллӣ бунёду тарбият ва тақвият ёфта, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон омодагии боэътимод касб намудаанд ва вазифаҳои пуршарафи худро бо садоқат ба савганди низомӣ ва савганди тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо мекунанд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА
[1] Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ҷумҳурият, 24 ноябри соли 1992. – № 207(18727); Народная газета, 25 ноябри соли 1992. – №14; Садои мардум, 24 ноябри соли 1992. – №215(465)
[2] Садои мардум, 24 декабри соли 1992. – №229(479); Ҷумҳурият, 24 декабри соли 1992. – №217(18737)
[3] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов – наҷотбахши миллат (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1995). Китоби 1. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 45
[4] Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ (23 феврали соли 2021) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/25141
[5] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 – 1999). Китоби 2. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 129
[6] Ҳамон ҷо, – С. 177
[7] Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26–солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ (23.02.2019) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/19456
[8] Санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ ва иштирок дар гузашти низомии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар (22.07.2021) // Ҷумҳурият, 22 июли соли 2021. – №145
[9] Суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (22.07.2021) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/26167
АМИТ «Ховар»