Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани мусобиқаҳои варзишӣ ва оммавигардонии намудҳои маъмулии варзиш мебошад.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Кумита таҳия гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон миёни варзишгарони ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»