«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Имрӯз Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Submitted by admin on Sun, 16/04/2023 - 18:48
Tajikistan
123

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар фестивал аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, рехтагарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордсозӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонасозӣ, кулолгарӣ, танӯрсозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, қаннодӣ ва монанди инҳоро бо пешниҳоди беҳтарин маҳсулоти ҳунармандӣ манзури ҳайати ҳакамон, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад.

Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.

Натиҷаи фаъолият нишон дод, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон  афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 ҳунарманд фаъолият намуда, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат бархӯрдор мебошанд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо доир шуд. Инак, имрӯз даври сеюми фестивали мазкур ҷамъбаст карда шуд.

Фестивал бо мақсади иҷрои «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, ба  роҳ монда шуд.

Бояд иброз намуд, ки ҳунармандони моҳир дар ҳама давру замон усулҳои бадеиву техникӣ, наққошӣ, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки ин бевосита ба пешрафти зиндагиашон мусоидат менамуд. Инчунин ҳунарҳои қадимии ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд.

Яке аз чунин ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик табақтарошӣ ба ҳисоб меравад, ки то кунун талабот ба он зиёд аст. Зеро воқеан хӯрдани хӯрок дар табақи чӯбин лаззати дигар дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН
Тоҳирҷон САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Теги