Рӯзҳои охир ва якчанд рӯзи дигар дар қаламрави ҷумҳурӣ боришоти зиёди барф ва ҳарорати аз нишондиҳандаи миёнаи иқлимӣ хеле паст пешгӯӣ шудааст.
Дар чунин рӯзҳо, ки вазъи ҳаво пешгӯишаванда мебошад дар фаъолияти хоҷагии комуналии шаҳру ноҳияҳо ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ пеш омадани мушкилиҳо аз эҳтимол дур нест ва талабот низ дар истифодаи неруи барқ бениҳоят зиёд мегардад.
Новобаста ба ин бо мақсади бе мушкилӣ гузаронидани рӯзҳои сарди фасли зимистони соли 2023 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз, 11-уми январи соли равон дар мамлакат маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуда, Ширкати Саҳҳомию Холдингии Кушодаи “Барқи тоҷик” вазифадор гардидааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият неруи барқро дар тамоми қаламрави мамлакат бемаҳдуддият таъмин намояд. То ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони мо дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд. Интиқоли бемаҳдудияти неруи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як тараф боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО “Норак” гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сербории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз аз муштариёни неруи барқ дар мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд. Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад.