Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳа

Submitted by admin on Thu, 30/11/2023 - 20:26
Tajikistan
124

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо кормандони соҳа доир шуд.

 

Дар он масъалаҳо марбут ба омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва рафти татбиқи ин санади меъёрию ҳуқуқии муҳим дар ҷомеа, бахусус тавассути расонаҳои пуриқтидор, ба мисли телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Дар оғози мулоқот раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро яке аз се қонуни сирф миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ номида, қабулу татбиқи онро бо дарназардошти хусусиятҳои ҷомеаи миллии мо басо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

 

Зимни баромад раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зарурати таҳия, моҳият ва ҳадафҳои қонуни мазкур суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи равандҳои ҷаҳони муосир барои ҳифзу ҳимояи арзишҳо ва ҳуввияти миллӣ, инчунин муқовимат ба таъсири манфии ақидаву ғояҳои бегона дар ҷомеа таҳия ва татбиқи чунин як санади меъёрию ҳуқуқӣ дар шакли қонун ба миён омад. Дар навбати худ, татбиқи босамари он дар бисёр маврид аз истифодаи фаровони потенсиали аҳли зиёи мамлакат, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ вобастагии зиёд дорад. Дар ин миён телевизион ва радио ба сифати василаҳои муқтадири афкорсоз дар ҷомеа дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон метавонад вазифаи муҳимро иҷро намояд.

 

Раиси Кумитаи телевизион ва радио дар навбати худ ба шабакаҳои телевизион ва радиоӣ дастур дод, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи босамари қонуни мазкур фаъолиятро боз ҳам тақвият бахшида, таҳия ва пахши барномаву гуфторҳоро дар мавзуи ватандӯстӣ боз ҳам тақвият бахшанд ва бо ҷалби мутахассисони соҳа ва аҳли зиё шарҳу тавзеҳи қонуни мазкурро васеъ ба роҳ монанд.

 

Дар интиҳои мулоқот як қатор кормандони сохторҳо, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио барои саҳми арзанда дар тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Мулоқот дар доираи “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ва “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” сурат гирифт.

Теги