Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Submitted by admin on Fri, 22/12/2023 - 17:37
Tajikistan
1111

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

 

Нахуст Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлолро сипари боэътимод дар таъмини суботу амнияти ҷомеа ва неруи асосии пешгирикунандаи ҳама гуна амалҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум арзёбӣ намуданд.

 

Сарвари давлат иброз доштанд, ки адои ин вазифаи муқаддасу пуршараф аз ҳар афсари ин ниҳод поквиҷдонӣ, маҳорати баланди касбӣ, фидоии миллату давлат будан ва руҳану ҷисман дар таъмини ормонҳои миллӣ ва фазои амнияту осоиш омода буданро талаб менамояд.

 

Пешгирии ҳама гуна зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок- экстремизм, терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу маҳсулот, риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, таъмини назорати пурраи сарҳади давлатӣ, таъминот бо техника ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ, машқҳои мунтазами низомӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои техникии афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд.

 

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба тамоми ҷузъу том ва сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар оянда низ баҳри беҳтар намудани шароити хизмати ҳар як низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Теги