НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори хориҷӣ се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Submitted by admin on Mon, 29/01/2024 - 15:10
Tajikistan
123

Соли 2023 байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

 

«Санадҳо мазкур — Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд»,-афзуд Нуриддин Саид.

 

Иттилоъ дода шуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештар аз 20 давлати ҷаҳон санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба имзо расонидааст. Дар ин замина соли 2023 17 рӯзноманигор аз кумита ва воҳидҳои сохтории он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даврҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Теги