Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ва 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.