Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бинои асосии Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 75 ҳуҷра, аз ҷумла 55 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 45 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, таваллуд, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.