Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд.