САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Шаҳри Душанбе мизбони «Grand Slam» мегардад

Submitted by admin on Tue, 27/02/2024 - 18:14
Tajikistan
124

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

 

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо шуруъ аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» мегардад.

 

Аввалин мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Dushsnbe-2024» 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.

 

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 нахусти маротиба дар пойтахти Тоҷикистон «Dushanbe Grand Prix 2023» баргузор гардид, ки дар он ҷудочиёни 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар садри ҷадвали ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» қарор гирифт.

 

Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж -2024 дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омада, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд.

Теги