«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ муайян гардиданд

Submitted by admin on Sat, 09/03/2024 - 12:12
Tajikistan
123

8 март дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

 

Дар мусобиқа зиёда аз 200 варзишгар аз 40 давлат иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон доданд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

 

Тавре таъкид гардид, ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

 

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян гардиданд:

 

Мардон

 

Вазни -65 кг

 

1.Шаҳбоз Саидабуроров (Тоҷикистон)

 

2.Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)

 

3.Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон)

 

3.Воҳид Бариманлоу (Эрон)

 

Вазни -71 кг

 

1.Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

 

2.Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

 

3.Алиҷон Боқиев (Тоҷикистон)

 

3.Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон)

 

Вазни -78 кг

 

Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)

 

Ромин Сабзалӣ (Тоҷикистон)

 

Уали Куржев (Русия)

 

Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)

 

Вазни -86 кг

 

1.Умар Расулов (Тоҷикистон)

 

2.Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

 

3.Масъуд Қавибозу (Эрон)

 

3.Умар Бозоров (Узбекистон)

 

Вазни +86 кг

 

1.Шермуҳаммад Ҷандреев (Узбекистон)

 

2.Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

 

3.Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)

 

3.Антон Брачов (Русия)

 

Занон

 

Вазни -57 кг

 

1.Ли ван Тин (Чин)

 

2.Гантсегсег Гандболд (Муғулистон)

 

3.Пардис Эйдиванди (Эрон)

 

3.Кенан Адҳам (Сурия)

 

Вазни -70 кг

 

1.Алена Прокопенко (Русия)

 

2.Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

 

3.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

 

3.Ажар Салюкова (Қазоқистон)

Теги