«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Submitted by admin on Fri, 27/01/2023 - 14:38
Tajikistan
123

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму тараб онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Дар ин робита, хабарнигори АМИТ бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА оид ба моҳияти иди Сада суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:

— Мояи ифтихор аст, ки ҷашни ниёгон- иди Сада бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо фарорасии он деҳқонону кишоварзони мамлакат ҳамаҷониба ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Ҳамасола ба истиқболи ҷашни Сада кишоварзони ҷумҳурӣ бо заҳмати дучанд истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашни кишоварзӣ давраи яксолаи фаъолияташонро бо номи «Аз Сада то Сада» натиҷагирӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси худ ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, олимони муассисаҳои илмии Академия дар ин давра 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзнома ба даст овардаанд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаи навъи «Файзи Сомон», ҷуворимаккаи навъи «Шараф-19» ва ангури навъи «30-солагии Истиқлол» ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи зироати кишоварзӣ ва навъи дарахтони меваю ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул гардид.

Дар ин давра беш аз 500 навъи тухмии намунаҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, растаниҳои шифобахш ва намудҳои гандуми ёбоӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ ворид карда шуда, дар маҷмўъ миқдори тухмии навъу намунаҳо ба зиёда аз 13 ҳазор расонида шуд.

Ҳоло навъҳои ватании зироати кишоварзӣ аз 40 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро ташкил ва ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати соҳа мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи чорводории Академия дар натиҷаи меҳнати самарабахшу тўлонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гўсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбўри асали тоҷикиро офариданд, ки бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Саршумори зиёди онҳо дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад.

Аз ҷониби олимони Академия ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории мамлакат роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ то сатҳи меъёрҳои ҳадди ақалл аз нигоҳи илм асоснок шуда, бунёди низоми маҷмўи сармоягузорию устуворгардонии идораи рушди ҳудудҳои деҳот дар асоси таносуби муносиби иштироки давлат ва шарикони хусусӣ пешниҳод гардид. Инчунин муҳаққиқони Академия вобаста ба нақшаи ҷойгиркунии зироат ва зерсоҳаҳои алоҳидаи кишоварзӣ шакли нави хоҷагидорӣ, яъне кластеркунонии ташкили меҳнат ва истеҳсолотро дар чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур дар водии Ҳисор, гандум дар Данғара, зардолу дар Ашту Исфара, кластери шир ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Ёвон пешниҳод намуда, амалигардонии онро дар раванди ислоҳоти соҳа мувофиқи мақсад мешуморанд.

Барои татбиқи вазифаҳои дар назди олимон гузошта зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши Офтоб самаранок истифода шуда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ гирифтани ду-се ҳосили зироати кишоварзӣ амалан татбиқ шавад.

Дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми кишоварзон ниҳоят калон аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кишоварзон дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд ва фаъолияти пурсамар намуда, маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол менамоянд. Ин ба танзими нархҳои дастрас барои аҳолӣ замина мегузорад.

Аз аҳди бостон то ин дам кишоварзон ҷашни Садаро интизорӣ мекашанд. Деҳқонон тибқи анъана дар ин айём барои кандани каналу заҳбӯрҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ва шудгори замин, буридани шохаҳои дарахтон, омода намудани тухмӣ, мошинолоти кишоварзӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва аз зимистон солим баровардани ҳайвоноти хонагӣ тадбирҳои махсус меандешанд.

Теги