Давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия менамоянд. Ин нукта дар нишасте, ки дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳузури ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқоти ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд.
Ин нишаст бо мақсади таҳкими мавқеъ ва садои минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар равандҳои музокирот оид ба тағйирёбии иқлим дар Конфронси 28-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) бо нозирон ва мушовирони байналмилалӣ доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва стратегияҳои иштироки фаъолонаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самтҳои асосии COP 28 баррасӣ намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи гузориши саҳомии фонди талафот ва хисорот, маблағгузории иқлим, инчунин иҷрои бандҳои асосии Созишномаи Париж буд.
Нозирон ва мушовирони байналмилалӣ оид ба равандҳои музокироти COP 28 иштирокдоронро бо ҷанбаҳои асосии ҷаласаҳои мубоҳисавӣ шинос намуданд.