Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир гардидааст.
Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2023 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт.
Марказ, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд.
Дар марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул мешаванд.