Хонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад

Submitted by admin on Wed, 17/01/2024 - 10:57
Tajikistan
123

Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu — World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

 

Абдураҳмон Саидбеков дар ин мусобиқа Тоҷикистонро дар байни 64 давлати ҷаҳон муаррифӣ намуд.

 

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ аз 12 то 15 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд.

Теги