Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд

Опубликовано admin - вт, 23/06/2026 - 11:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд

Опубликовано admin - вт, 23/06/2026 - 11:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - вт, 23/06/2026 - 10:49

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 12:51

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.

Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 11:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 11:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 10:40

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 09:40

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд.

Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Опубликовано admin - сб, 20/06/2026 - 09:23

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий

Опубликовано admin - пт, 19/06/2026 - 18:38

19.06.202, шаҳри Душанбе

Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма,

Нахуст, ташрифи Сарвазири муҳтарам, ҷаноби Кобахидзе ва ҳайати баландпояи Гурҷистонро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегуям.

Мо мулоқоту музокироти имрӯзаро имконияти мусоид барои баррасии    муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни ду кишвар медонем.

Бовар дорам, ки татбиқи ҳамаҷонибаи мувофиқаҳои дар ин зимн бадастомада ба ғанӣ гардонидани онҳо бо паҳлуҳои нави ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.