Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - сб, 23/05/2026 - 09:53

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо  масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина  ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид.  Ҳамчунин, ба аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - сб, 23/05/2026 - 09:10

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - сб, 23/05/2026 - 09:00

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино
дар соҳаи тиб

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам:

1. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад.

2. Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва Фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Опубликовано admin - пт, 22/05/2026 - 17:50

22.05.2026, шаҳри Душанбе

Ҷавонони саодатманди кишвар!

Фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям.

Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем.

Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - ср, 20/05/2026 - 19:12

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд.

«Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 19/05/2026 - 09:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ҶСК "ТЕЛЕРАДИОКОМ" ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Опубликовано admin - вс, 17/05/2026 - 08:00

        Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Рӯзи Дави миллӣ, ки ҳамасола рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар доир мегардад, кормандони ҶСК «Телерадиоком» дар чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дӯстдорони варзиш баргузор гардида, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни шаҳрвандон мебошад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт

Опубликовано admin - чт, 14/05/2026 - 13:27

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 13/05/2026 - 19:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чонгчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд

Опубликовано admin - ср, 13/05/2026 - 15:43

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин аз ширкати калони саноатии “Зонгшен” боздид намуданд.

Дар корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.