Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандуст Хуҷамурод Азимӣ дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.