Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!