Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд

Опубликовано admin - пн, 30/03/2026 - 20:10

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Опубликовано admin - пн, 30/03/2026 - 17:58

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - пн, 30/03/2026 - 17:35

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пн, 30/03/2026 - 17:22

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд.

Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз  ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад.