Рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Submitted by admin on Wed, 01/02/2023 - 11:04
Tajikistan
123

31 январ баъд аз нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 30 нафар хабарнигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз ташкили боздиди рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат — ин тарбияи насли имрӯза дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва шиносоӣ бо хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

 

Осорхона мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо назардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.

Ёдрас мешавем, ки 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Теги