Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаевро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 4 феврал дар Душанбе байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон музокирот баргузор гардид.
Аз натиҷаи гуфтушунид Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид.