«Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои қобили қабул ва судманд ноил мешаванд»,-гуфт имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Жээнбек Кулубаев иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳое, ки соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ҳоло дар ҷои аввал масъалаи ҳарчи зудтар анҷом додани музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ меистад, ки бо маром идома дорад».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид намуд, ки зимни мулоқот ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон давлатҳои дӯст ва бародар мебошанд.
«Аҳолии ҷумҳуриҳои мо ҳамеша муносибати дӯстона дошта, бо ҳамдигар муколама ва додугирифти тиҷоратӣ менамуданд. Ин анъанаҳоро боз ҳам инкишоф додан зарур аст. Имрӯз ман дар бораи ниятҳо ва дурнамои мо дар таҳкими ҳамкорӣ суҳбат намудам. Пеш аз ҳама, ирода ва кӯшишҳои президентони ҳам Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Қирғизистон Садир Жапаров омили асосии таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба мебошанд», — гуфт номбурда.
Жээнбек Кулубаев тавзеҳ дод, ки президентҳои ду мамлакат мутмаин мебошанд, ки мушкилоти мавҷуда ҳал ва дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон саҳифаи нав боз мешавад.