Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Submitted by admin on Fri, 16/02/2024 - 22:33
Tajikistan
123

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли 2024 баррасӣ шуд.

 

Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисоди кишвар дар моҳи январи соли равон дар сатҳи 8,1 фоиз таъмин гардид, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ вуҷуд доранд.

 

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар ин раванд ҳанӯз нокифоя аст. Аз ҷумла дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1,2 банди фоизӣ, саноати коркард 1,8, таъмини неруи барқ 14,9 ва соҳаи сохтмон 1,6 банди фоизӣ ба қайд гирифта шуд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро дар ин соҳаҳо тақозо менамояд.

 

Бинобар ин, бо дарназардошти торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони имрӯза зарур дониста шуд, ки пешравиҳои дар соли гузашта бадастомадаро таҳким бахшида, барои дастовардҳои назарраси соли равон замина гузошта шавад.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз паёмадҳои ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъкид доштанд, ки тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола бебориш омад, ки ба соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

 

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии пайомадҳои хушксолӣ ва дигар омилҳои манфии таъсиррасон ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои амалӣ андешида, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушд дар соли 2024 тамоми имконияту захираҳои мавҷударо самаранок истифода намояд.

 

Ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки дар таҳияи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои солҳои 2025 – 2027 нишондиҳандаҳои шиддатнокро ба асос гирифта, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

 

Хотирнишон гардид, ки бо вуҷуди дар сатҳи 109,9 фоиз иҷро шудани нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли 2024 даромадҳои андоз аз ҳисоби 4 сарчашма дар ҳаҷми 51 миллион сомонӣ таъмин нагардид.

 

Аз ин хотир ба Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2024 таъмин намуда, ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад чораҳои қатъӣ андешанд.

 

Дар баробари ин, зарур дониста шуд, ки Вазорати молия ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар соли ҷорӣ тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намояд.

 

Инчунин, таъкид гардид, ки вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳо иҷрои супоришҳои додашударо доир ба пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.

 

Ҳамзамон бо ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар муддати як сол гузариши пурраи баҳисобгирии муҳосибавиро тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, таъмин намояд.

 

Тавре зикр гардид, дар моҳи январ нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ҳам барзиёд иҷро шуд, вале дар ин соҳа низ камбудиҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.

 

Аз ин рӯ, ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки фаъолиятро дар самти рақамикунонии низом, пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳисоби пардохтҳо ва арзиши гумрукӣ ҷоннок карда, иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро дар соли 2024 тибқи супоришҳои қаблӣ таъмин намояд.

 

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати рақамикунонии самтҳои дахлдори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021 – 2025 пешбинӣ гардидаанд ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин раванд тадбирҳои судманд андешида, бо мақсади рушд ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионӣ, ҳамгироии фаъолияти инноватсионӣ бо сармоягузорӣ ва густариши робитаи илм бо истеҳсолот фаъолияти натиҷабахш роҳандозӣ намояд.

 

Ба Хадамоти алоқа дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини суръати баланди интернет бо нархи нисбатан арзон ва дастрас дар тамоми қаламрави мамлакат, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст чораҳои иловагӣ андешад.

 

Тавре зикр гардид, дар моҳи январи соли 2024 суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6 фоизро ташкил дод. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат аз ҷониби масъулини Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ҳарчи зудтар бояд бартараф карда шаванд.

 

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат додашуда, инчунин, пешгирии аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷударо таъмин намоянд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз пешравиҳои назаррас дар соҳаи энергетика ҳаҷми талафоти неруи барқ ва вазъи ҷамъоварии маблағи истифодаи онро ташвишовар номиданд.

 

Вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат, хусусан, дар давраи зимистону баҳор, сарфакорона истифода бурдани маводи захирашуда, инчунин, таъмин намудани реҷаи тақсимоти барқ ва об тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ супоришҳои мушаххас додаанд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз як қатор омилҳо, хусусан, шиддат гирифтани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, камбориш омадани фасли зимистон, хавфи норасоии оби полезӣ дар натиҷаи кам гардидани оби дарёҳо ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳушдор доданд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ бештар диққат дода шавад.

 

Аз ҷумла ба масъулини дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, иҷрои саривақтии дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин, махсусан, заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани 3 – 4 ҳосил чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва сохторҳои дигар вазифадор карда шуданд, ки доир ба таъмини реҷаи махсуси таъминоти пойгоҳҳои обкашӣ бо неруи барқ дар мавсими киштукори баҳорӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо аз ҳозир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Ба вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати барқарор намудани соҳаи тухмипарварӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти самараноки хоҷагиҳои тухмипарварӣ чораҷӯӣ карда, доир ба таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

 

Вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки барои тақвияти корҳо дар самти афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, меваю сабзавоти барвақтӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ, марказҳои логистикӣ ва дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, корҳои хориҷӣ, Хадамоти гумрук, агентиҳои содирот, захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати тақвият бахшидан ба иқтидори содироти маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба ташкили бемамониати содироти он тавассути «долонҳои сабз» тадбирҳои мусоидаткунанда роҳандозӣ намоянд.

 

Масъулини Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт саноат ва технологияҳои нав, агентиҳои содирот ва «Тоҷикстандарт» вазифадор шуданд, ки барои кам кардани монеаҳо дар интиқол ва транзити молу маҳсулот оид ба ташкили ташхисгоҳҳои замонавии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ, эътирофи сертификати мол дар хориҷи кишвар ва дар доираи талаботи муосир бастубанду тамғагузорӣ намудани маҳсулот чораҳои қатъӣ андешанд.

 

Ба Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки якҷо бо корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани лоиҳаҳои таҷдиду навсозии роҳҳо, рақамикунонии соҳа ва ба роҳ мондани назорати доимии риояи меъёрҳои дар самти боркашонӣ муқарраргардида, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани ҳудуди вилояти Хатлон чораҳои таъхирнопазир андешад.

 

Масъулини Ҳукумат, вазорати нақлиёт, Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки дар хусуси ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни Тоҷикистон ва кишварҳои шарик, кушодани хатсайрҳои нав ва васеъ намудани парки авиатсионии ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

 

Аз роҳбарони вазорату идораҳои бахши иҷтимоии кишвар талаб карда шуд, ки бартарафсозии камбудиҳои дар маҷлиси васеи солона зикршуда ва иҷрои қатъии супоришҳои мушаххаси додашударо таъмин намуда, аз натиҷаи он ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.

 

Вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид гардид, ки намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифташуда, сифати корҳои сохтмон, инчунин, ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъдаи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

 

Таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳои дар Паёми Роҳбари давлат 28-уми декабри соли 2023 ва маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 24-уми январи соли 2024 додашуда ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ таъмин гардида, оид ба натиҷаҳои кор ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.

 

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал вазифадор шуданд, ки барои васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо ва кабудизоркунии саросари кишвар ва ба ин васила то соли 2037 ба кишвари воқеан сабз мубаддал гардонидани Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 

Ба масъулини Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки доир ба амалисозии барномаи кабудизоркунӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва дар тамоми кишвар шинонидани то ду миллиард бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда чораҳои ҷиддӣ андешанд.

 

Дар робита ба таҷлили шоиста аз Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки ба тозагиву озодагӣ, ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳанд.

 

Ҳамчунин, барои захираи кофии маводи озуқа дар ҳар як оилаи мамлакат, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тамоюлҳои имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро самаранок истифода карда, амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем, зеро тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо соли 2024 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта мураккабу вазнин мегардад.

 

Бо дарназардошти чунин шароит барои ҷиддан беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи қонунгузории танзими расму ойинҳо ва маросиму маъракаҳо, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ дар назди тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва зиёиёну фаъолон вазифаҳои қатъӣ гузошта шуданд.

 

Дар фароварди баррасии ин мавзӯъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон омода бошем”.

 

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳо дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгири ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026, таъсис додани Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Теги