Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

Submitted by admin on Wed, 21/02/2024 - 10:16
Tajikistan
123

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ,

 

1 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармухассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН эълон менамояд.

 

Талабот ба довталабон: Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.

 

Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз 2 то 6 сол.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

 

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (справка- объективка)

-маълумотномаи доғи судӣ.

Музди миёнаи меҳнат аз 1228 (ҳазору дусаду бисту ҳашт,) сомонӣ то 3300 (се ҳазору сесад) сомонӣ.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),

 

телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.

 

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.     

 

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

 

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.

Теги