Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин донишҷўёни синфҳои болоии макотиби таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва ҳавасмандон маҳфили адабии “Хирадмандон” баргузор гардид. Роҳбари маҳфил, нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба кори он ҳусни оғоз бахшид. Сипас, гузоришгар Парвизи Маҳмадамин, муҳаррири идораи гузоришҳо ва пахши мустақими Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” дар мавзуи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва ҳувияти миллӣ” суханронӣ намуда, аз нақши барҷастаи ин алломаи бузург ёдовар шуд. Дарвоқеъ, Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Мавсуф аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми сентябри соли 1997 ба шарқшинос ва таърихнигори барҷаста Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст. Ҳамзамон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари “Тоҷикон ” аз нав чоп ва ба ҳар як оилаи сокини мамлакат ҳамчун туҳфаи Роҳбари давлат дастрас гардидааст.
Дар кори маҳфил Ҳақназар Каримзода, ёрдамчии Раиси Кумита, иштирок дошт ва суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки маҳфилҳо дар сайқали ҷаҳонбинӣ ва иҷрои фаъолияти эҷодии кормандони шабакаҳои телевизион ва радио ёрии калон мерасонанд. Ў ба иштирокдорони маҳфил маслиҳатҳои судманд дода, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориву комгориҳо таманно намуд.
Маҳфил бо суруду оҳангҳои ҷаззоби омўзгорони фанни мусиқӣ-овозхонҳои шинохта Раҷабалӣ Юсуфӣ ва Бурҳониддин Боронӣ анҷом пазируфт.