1 март гурӯҳи кории соҳибкорон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо имконоти саноатии вилоят шинос гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Зимни боздид меҳмонон бо фаъолияти калонтарин корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар Осиёи Миёна «Мармарӣ» шинос шуданд.
Дар айни замон дар ин корхона ҳаҷми тавлиди гӯшти мурғ дар як сол 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳар сол ин рақамро ду баробар афзоиш дода, ба 24 ҳазор тонна расонад.
Корхона дар баробари истеҳсоли мурғ чорвои калони шохдор низ парвариш мекунад, ки имрӯз саршумори онҳо беш аз 1200 сарро ташкил медиҳад.
Инчунин меҳмонон аз калонтарин истеҳсолкунандаи ашёи хоми нассоҷии Тоҷикистон — «Ҷунтай Данғара Син-силу Текстил» низ дидан намуданд. Ин ҷамъияти саҳомии пӯшида ба истеҳсол ва фурӯши ришта, матоъҳои трикотажӣ, бофандагӣ ва ҳамзамон либосҳои гуногун машғул аст. Аксари молҳо ба Русия, Туркия, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Чин ва Покистон содир карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки «Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил» соҳиби 15 ҳазор гектар майдони пахта буда, корхона бо таҷҳизоти пешрафтаи Чин, Олмон ва Швейтсария муҷаҳҳаз гардидааст.
Зимни сафар соҳибкорони рус аз хоҷагии деҳқоние, ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз карда, дар парвариши лимӯ, писта, помидору бодиринг аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, дидан намуданд. Хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳои гармидиҳии иловагӣ асос ёфта, дар он системаи обёрии қатравӣ ҷорӣ карда шудааст.
Дар ҷараёни сафар ҳамоиш доир гардид, ки зимни он ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.