13 март дар шаҳри Остона бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Қазоқистон нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об шинос кард.
Сафир таъкид намуд, ки чорабинии байналмилалӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, ки инъикосгари аҳамияти махсуси рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад.
Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Қазоқистон, ВАО ва коршиносони соҳаи об ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.