Имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар натиҷаи заминларзаи 23 март ба чанд деҳа хисорот расидааст, сафар намуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мардум суҳбат намуда, бо мақсади муайян намудани хисороти офати табиӣ ва бартарафсозии он як катор корҳоро анҷом дод.
Маълум гардид, ки дар деҳаҳои Палдорак, Роғ, Деҳманора, Пакшиф, Дашти миёна ва Лангар асосан иншооти ёрирасоне зарар дидааст, ки таҳкурсӣ надоштанд. Дар маҷмуъ бар асари заминларза дар ин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қисман манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва роҳҳои мошингард зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Айни замон дар асоси супориши Сарвари давлат корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оилаҳои манзилҳои истиқоматиашон зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардида дар кӯтоҳтарин муҳлат кумак, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, орд, равған, биринҷ, гӯшт ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ расонида мешавад.
Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои саривақт расидагӣ кардан ба мушкилиашон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Хисороти пурраи офати табиӣ аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин 132-километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50- километрии қисми шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96- километрии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.
Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.
Маротибаи дуюм соати 07:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро талшкил намуд.
Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.