22 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Дар ин донишгоҳ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдулоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти Шарқ нақши калидӣ дошта, назми нотакрори ӯ ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ ва пурмуҳтаво гардонидааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати мардумии шаҳри Пекин, инчунин ба аҳли эҷод ҷиҳати бунёди нимпайкараи Абуабдулоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Пекин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мавриди таъкид аст, ки лоиҳаи нимпайкара дар мувофиқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Осорхонаи Ҷинтайи Чин аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода шудааст.
Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини бегазанд аз ашъори устод сабт шудаанд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд дар роҳи дониш бениёз
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.