Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

Submitted by admin on Tue, 14/11/2023 - 16:10
Tajikistan
124

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд.

 

Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа, аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидаанд.

 

Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ- коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб мешавад. Қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.

 

Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо ҳамчунин ду фаввораи зебо низ бунёд гардидааст. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари “Тоҷикон” ҷой дода шудаанд ва рамзи дигар- асари мондагори Бобоҷон Ғафуров — “Тоҷикон”-ро, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик аст, таҷассум намудааст.

 

Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот бо завқу салиқаи баланд корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ анҷом дода шудаанд, ки ифтитоҳи он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Теги