Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Submitted by admin on Wed, 27/12/2023 - 17:15
Tajikistan
123

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.

 

Дар оғози мулоқот Саид Нуриддин Саид доир ба фаъолияти Кумита дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат маълумот дод. Зикр шуд, ки рушди соҳаи телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ, асосан баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рост меояд. Қайд гардид, ки дар ин давра бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъсис ёфтанд, ки фазои иттилоотии мамлакатро бо маводи мубраму саривақтӣ таъмин менамоянд.

 

Раиси Кумита аз тасвиби Ёддошти тафоҳум оид ба њамкорї дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 19 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин санад дар вусъат бахшидани њамкорињо дар соњаи телевизион ва радиошунавонї наќши муњим гузошт.

 

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар аз мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, иҷтимоию фарҳангӣ миёни халқҳои дӯсту бародар бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки кишвараш аз тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар кулли бахшҳо, бахусус дар соҳаи телевизион ва радио манфиатдор аст.

 

Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои сохторҳои марбута дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, касбомӯзии кормандон, таҳияи филмҳои мустанад, баргузории якҷояи чорабиниҳои соҳавӣ ва ҳамкориҳои техникӣ низ табодули афкор намуданд.

 

Котиби матбуот

Иброҳим Аҳмад

Теги