Tajikistan
3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам».