Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 11:12
Tajikistan
123

21 январ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

 

Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсилот, таъсиси маркази таълимӣ-лабораторӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таҳсилот баррасӣ гардид.

 

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар доир ба татбиқи масоили баррасишуда созишнома ба имзо расонанд.

Теги