Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд

Submitted by admin on Wed, 01/02/2023 - 15:24
Tajikistan
123

Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Ҳамчунин  дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 16 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 215 маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар вилоят фаъолияти 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ба роҳ монда шуда, 205 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегиранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона ва 31 истироҳатгоҳу осоишгоҳ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ якчанд  имтиёзҳо дода шудаанд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Теги