ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Тоҷикистон Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба фаъолият оғоз мекунад

Submitted by admin on Wed, 01/02/2023 - 15:22
Tajikistan
123

Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар асоси ҳуҷҷатгузории электронӣ амал мекунад ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кор дар соҳаи нақлиёт осон мегардад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан  таҳияи барномаҳои электронии   рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро   фаро  мегирад.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар асоси ин қарор ва дар доираи барномаҳои дахлдор соҳаи нақлиёти мамлакат марҳила ба марҳила ба низоми рақамикунонӣ пурра фаро гирифта мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вазорат раванди рақамикунонии самтҳои фаъолияти соҳа идома дошта, аз 26 модул дар 4 модул корҳои барномарезии аввал ба итмом расида, марҳилаи дуюм оғоз гардидааст. Дар марҳилаи якум дар модули Рухсатномаҳо корҳо оғоз гардида, дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Теги