27 СЕНТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион гардишгар ворид шудааст
То имрӯз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 487 ҳазору 403 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз, 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои мардумони ҳар қисмати олам ба шумор меравад.