«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе маросими ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Submitted by admin on Mon, 08/05/2023 - 19:25

Имрӯз, 6 май бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Sat, 06/05/2023 - 10:28

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Сарони ду давлат ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи ВАО густариш медиҳанд

Submitted by admin on Sat, 06/05/2023 - 10:28

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ густариш медиҳанд. Дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Sat, 06/05/2023 - 10:27

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро дар ояндаи наздик баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.