Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.