Tajikistan
Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябр дар шаҳри Боку баргузор шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар якҷоягӣ бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.
«Ба туфайли ҳамкорӣ дар чорчӯби Барномаи СПЕКА тайи давраи сипаришуда мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, ки онро метавонем барои мутобиқсозии фаъолияти он ба тамоюлҳои ҷаҳони муосир истифода барем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.