Ахбор

Тоҷикистон ва Покистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Submitted by admin on Thu, 15/12/2022 - 10:52

Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ба Изҳороти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб

Submitted by admin on Thu, 15/12/2022 - 10:50

14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.

Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон оғоз гардид

Submitted by admin on Wed, 14/12/2022 - 18:45

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод горди фахрӣ саф ороста, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ, ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Дар Женева ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ шуданд

Submitted by admin on Wed, 14/12/2022 - 13:45

Дар «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария аз ҷониби роҳбарияти ҳайати Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Устувор, муаррифии Стратегияи «иқтисоди сабз» барои давраи то соли 2037, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ маълумот ироа гардид.

ФОРУМИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. Киностудияҳо ва филармонияҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Submitted by admin on Tue, 13/12/2022 - 12:54

10 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши «Тоҷикистон-Россия: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи форум намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Россотрудничество», муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

«Ҳамкории фарҳангӣ бо Россия анъанавӣ ва ғанӣ буда, мо ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», — гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён.

Озмун барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Кумита

Submitted by admin on Fri, 09/12/2022 - 14:15

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси  раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ ва 1 мутахас

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Тошканд дар масъалаи тағйирёбии иқлим иштирок намуд

Submitted by admin on Thu, 08/12/2022 - 13:52

Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ҳотамшо Латифзода дар Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ: «Низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам барои рушди минбаъдаи аксари кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд»

Submitted by admin on Wed, 07/12/2022 - 11:45

«Рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД- омили аслии таъмини амният дар минтақа аст»,- изҳор доштанд зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД), ки дирӯз 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД хабар доданд.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид

Submitted by admin on Mon, 05/12/2022 - 15:25

Имрӯз, 5-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён маросими ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср гузаронида мешавад.