Озмун барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Кумита

Submitted by admin on Fri, 09/12/2022 - 14:15
Tajikistan
ктр

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси  раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.

Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам  

аз  2 то 6 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (справка- объективка).

Музди миёнаи меҳнат аз 1577 (ҳазору пансаду ҳафтоду ҳафт,) сомонӣ то 2585 (ду ҳазору пансаду ҳаштоду панҷ)  сомонӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио), телефон барои  

маълумот 227-65-69, 227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj  дастрас намоед.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.

Теги