Таҳти раёсати шаҳри Душанбе Форуми раисони шаҳрҳои Осиё доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии ҳисоботӣ-ҷамъбастии Форуми раисони шаҳрҳои Осиё таҳти раёсати шаҳри Душанбе тариқи маҷозӣ доир шуд, ки дар кори он намояндагон аз 32 шаҳри узви ин созмон иштирок доштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.