Ахбор

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 19:48

Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар оғози мулоқот нахуст сурудҳои миллии ҳарду мамлакати дӯсту бародар садо доданд. Дар ин хусус мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд.

 

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ мақсади ин ҳамоишро ҳамандешагӣ ва ҳамкорӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ду давлати дӯст — Тоҷикистон ва Эрон унвон намуд.

 

Дар ҳошияи COP28 ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 15:15

Тоҷикистон тавассути чорабиниҳо, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим авлавият додааст. Тавассути ин ташаббусҳо Тоҷикистон пешсафиии худро дар масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим нишон дод.

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 12:51

12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҳамоиш доир шуд

Submitted by admin on Sat, 09/12/2023 - 14:44

Имрӯз бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ба 9 декабр рост меояд, ҳамоиши оммавӣ баргузор гардид.

 

Давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия менамоянд

Submitted by admin on Fri, 08/12/2023 - 11:24

Давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия менамоянд. Ин нукта дар нишасте, ки дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳузури ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

 

МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид

Submitted by admin on Thu, 07/12/2023 - 09:04

Имрӯз, 6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд

Submitted by admin on Thu, 07/12/2023 - 09:02

5 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

 Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

 

Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд

Submitted by admin on Wed, 06/12/2023 - 15:00

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

Submitted by admin on Wed, 06/12/2023 - 14:58

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи озод намудани судяҳо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

1. Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

 

НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд

Submitted by admin on Wed, 06/12/2023 - 14:56

Номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18 Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

 

Иҷлосия то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.