Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Wed, 31/01/2024 - 16:34
Tajikistan
123

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).

 

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд.

 

3. Гурӯҳҳои кории тибқи бандҳои 1 ва 2 таъсисёфта вазифадоранд, ки нақшаҳои чорабиниҳои алоҳида таҳия ва тасдиқ намуда, барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҷӯйӣ намоянд.

 

4. Роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, ба гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

 

5. Гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ маълумот пешниҳод намоянд.

 

6. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз рафти корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

31 январи соли 2024

№АП-507

Теги